Гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ решаи иҷтимоӣ дорад
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили амнияти минтақаӣ беадолатии иҷтимоиро яке аз заминаҳои инкишофи тундгароиро мебинад.
Ба иттилои “Озодагон”, Неъматулло Мирсаидов бо ишора ба омори мақомоти ҳукуматии вилояти Суғд, ки мегӯянд, 322 сокини ин минтақа дар даргириҳои Сурия ҳузур доранд, яке аз илали гароиши ҷавонони шимоли Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротиро вуҷуди беадолатӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ унвон кардааст .
Аз дидгоҳи вай, вуҷуди фасоду ришвахорӣ дар идороти давлатӣ, набуди адолати иҷтимоӣ ва рушди табъиз, мушкили омӯзиш дар донишгоҳҳо, афзоиши ихтилофи табақотӣ ва фақру бекорӣ аз ҷумлаи авомилест, ки ҷавонони норозӣ аз ин шароитро ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мекашонад.
Қаблан Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки аз 322 сокини ин минтақа, ки ба Сурия рафтаанд, 39 тан хонаводаҳояшонро низ ба ҳамроҳ бурдаанд .
Вай таъкид кардааст, ки 51 сокини вилояти Суғд дар таркиби гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон ва 73 нафар дар Покистон ҳузур доранд .
Теъдоди сокинони вилояти Суғд, ки дар даргириҳои кишварҳои хориҷӣ кушта шудаанд, ба 51 тан мерасад .
Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 тани онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд .