Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Фирдавсӣ аз ҷойгоҳи болое дар Тоҷикистон бархурдор аст
Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи асарҳои марбут ба “Шоҳнома” - наққошии Бобаки Гермчӣ, ҳунарманди эронӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт, ки Фирдавсӣ бо шоҳкори беназираш шӯҳраи офоқ гардидааст ва ҳеҷ ҳамосаи ҷаҳонӣ бо ин беҳинномаи бостон ҳамсангу ҳамвазн нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомзода дар идома таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон пиру барно бо ҳамосаи сухансарои камназир ошноянд ва ин асар, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофиёӣ, зебоишиносӣ дорад, дар батни зиндагии тоҷикон нуфуз намудааст ва аксари хонаводаҳои тоҷикон номи фарзандони худро бар пояи ин асар интихоб мекунанд.
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар пояи достонҳои “Шоҳнома” ширкати “Тоҷикфилм” 3 филм сохта буд, ки бо таваҷҷуҳ ба тарғиби арзишҳои маънавии мондагори ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, хушахлоқӣ ва гузашту фидокорӣ аҳаммияти худро аз даст надодаанд: “Давлати Тоҷикистон муҷассамаи донои Тусиро дар дили пойтахти кишвар гузошт ва чандин мактабу кӯча ва ноҳияеро дар кишвар ба номи пири суханварони Аҷам номгузорӣ намудааст ва ҳамасола ба посдошти ин абармарди олами адаб маҳфилҳои “Шоҳнома” - хонӣ баргузор мешаванд».
Ҳамчунин намояндагони сафорат дар рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки ҳамасола дар 15 май барпо мешавад, дар шаҳрҳои Язд, Кирмон, Машҳад ва Нишопур ширкат намуданд.
Имсол рӯзи накӯдошти Фирдавсӣ ба унвони рӯзи посдошти забони форсӣ - тоҷикӣ эълом шуд.