“Самак” аз шикасти сукути тӯлонии Ожонси зидди фасоди молӣ хабар дод
Масоили мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва инчунин руйдодҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, нашрияҳои “Самак” ва “СССР” дар матолибе ба сару садоҳо атрофи қазияи боздоштҳо дар Ожонси зидди фасоди молии Тоҷикистон ва охирин иттилоот дар ин замина таваҷҷуҳ кардаанд.
Ҳафтаномаи “СССР” дар матлабе таҳти унвони “Овоза, аз хонаи Хайров 35 миллон доллар ёфтаанд?” охирин ахбор дар атрофи боздошти собиқ маъмурони Ожонси зидди фасодро нашр кадааст.
Ба навиштаи муаллиф, дар ҳоле ки сару садо атрофи қазияи боздошти муборизони зидди фасод рӯз то рӯз зиёд шуда, дар ҷомеа овозаҳо дар мавриди дороиҳои ҳангуфти кашфшуда аз боздоштшудагон меафзояд, аммо мақомоти қудратӣ дар ин замина хомӯшии кулро ихтиёр кардаанд.
Муаллиф дар фарҷом навиштааст, ки тибқи охирин овозаҳо Умед Камолов, собиқ корманди Ожонси зидди фасод ва писари вазири пешини амнияти Тоҷикистон дубора боздошт шудааст.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи “Самак” навиштааст, ки баъди хомӯшии тулонӣ барои аввалин бор Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон ба хабари боздошти собиқ кормандонаш расман вокуниш кардааст.
Ин нашрия менависад, ки Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба дархости хабаргузории русзабони “Азия плюс”, танҳо гуфтааст, ки Холмуродзода ва Камолзода барои содир кардани амалҳое, ки обрӯи кормандони ин ниҳодро паст мезанад, аз мақом барканор шудаанд.
Аммо Султонзода дар ин посухи кӯтоҳ аз тавзеҳи иттиҳомот аллайҳи афроди боздоштшуда, ба далели ворид накардани халал ба раванди тафтишот худдорӣ кардааст.
Нашрия дар фарҷоми матлаб таъкид кардааст, ки боздошти гурӯҳи бузурге аз маъмурони Ожонси зидди фасод дар таърихи навини Тоҷикистон бесобиқа буда, тахмин меравад ин бозҷӯиҳо бо иҷозаи мақомоти баландпоятарини ин кишвар сурат мегирад.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ҳафтаномаи русизабони “Азия плюс” дар мавриди мушкилот ва дурнамои тибби кишвараш суҳбат кардааст.
Насим Олимзода зимни ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдоф дар кӯтоҳмуддат ин роҳандозии амали ҷароҳии мағзи устухон, рушди низоми ҷароҳии навзодон ва тарбияи насли нави мутахасисони тиб дар Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи вазир тайи 3-4 соли ахир бахши пайвандсозии аъзо дар Тоҷикистон, ба хусус пайванди гурда ва ҷигар бо суръат рушд кардаааст, ки далели он омадани шаҳрвандони кишварҳои Озарбойҷон, Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳадафи анҷоми чунин амалҳо дар Душанбе аст.
Дар баробари ин Насим Олимзода гуфтааст, ки эҳтимол дар се моҳи оянда амали ҷароҳии пайванди мағзи устухон низ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шавад, ки дар кишварҳои ОМ анҷоми ин ҷароҳҳӣ нахустин таҷриба хоҳад буд.
Нашрияи “Озодагон” ба нақл аз сомонаи “Eureporter” навиштааст, ки Чин даъвоҳои нави арзӣ дорад. Ба навиштаи ин манбаъ, сомонаи мазкур матлаби муаллиферо бо номи Олга Малик бо номи “Даъвоҳои арзии Чин дар Тоҷикистон нигарониро ба вуҷуд овардааст”, ба забони инглисӣ нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад, авҷи наве аз даъвоҳои арзии Чин ба бор омадааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки охири соли 2016 шуморе аз олимони чинӣ барои гузаронидани таҳқиқот дар мавзӯи мансубияти қисме аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин дархост дода буданд.
Муаллиф навиштааст, ки мудири пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон, Зикриё Акрамӣ бо ҳамроҳонаш ҳангоми сафари худ ба Чин дар соли 2016 ин масъаларо бо олимони чинӣ баррасӣ карда буд ва гузаронидани таҳқиқотро ба нақша гирифтанд, ки имкон дорад онҳо бо далелҳо собит кунанд, ки қисме аз қаламрави Осиёи Марказӣ, хусусан баъзе манотиқи Тоҷикистон таърихан ба Чин мансуб аст.
Дар фарҷоми матлаб мехонем, “ҳоло ки расонаҳои хориҷӣ аз вуҷуди даъвоҳои нави арзии Чин менависанд, суол пеш омада, ки оё ин гуна сару садоҳо воқеият доранд ё тавтеаҳои нави кишвару созмонҳои вижаи хориҷӣ перомуни муносиботи гарму танготанги Тоҷикистон бо Чин мебошанд? Ба ҳар ҳол мавзӯъ ба соддагие нест, ки пиндошта мешавад...”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” як саҳфаи хешро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон бахшидааст. Дар матлаб акси ҳамаи номзадҳои интихоботи раёстаи ҷумҳурии Эрон чоп шуда, муаллфи менависад, ки интихоботи президентӣ дар Эрон таваҷҷӯҳи алоқамандонро дар Тоҷикистон низ ба худ ҷалб кардааст.
Муаллиф зимни баррасии собиқаи кории ҳар яке аз номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз қавли коршиносон навиштааст, ки рӯзи 19-уми май рақобати аслӣ барои курсии президентӣ зоҳиран миёни ду номзади пештоз – Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии кунунӣ ва номзади ислоҳталабон ва Иброҳими Раисӣ, номзади усулгароён сурат хоҳад гирифт.