Май 20, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Имзои мувофиқатномаи сохти мадориси арабистонӣ дар Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои мувофиқатномаи 35 миллион долларӣ бо Сандуқи тавсеаи Арабистон барои сохти мадориси ҷадид хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин тавофуқнома тавассути Абдусалом Қурбониён, Вазорати молияи Тоҷикистон ва Юсуф Иброҳим Албассом, мудиромили Сандуқи тавсеаи Арабистон дар Ҷидда имзо шуд .

Имзои мувофиқатномаи сохти мадориси ҷадиди подшоҳии Саудӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз идомаи раванди пайвастани атбои ин кишвар бавижа сокинони вилояти Хатлон ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ карда буд. Ба гуфта Эмомалӣ Раҳмон, аксари атбои Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, сокинони манотиқи Ҷалолиддини Балхӣ , Бохтар, Вахш, Восеъ, Қубодиён, шаҳри Тӯс, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ шаҳри Қурғонтеппа ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидори ахир бо масъулони вилояти Хатлон дар ноҳияи данғара ҳамчунин таъкид кард: Дар ҳоли ҳозир, 507 тан аз сокинони вилояти Хатлон дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳузур доранд ва 60 тан аз ин афрод токунун кушта шудаанд.

Мақомҳои давлати Душанбе ба ин ҳақиқат воқиф ҳастанд, ки фирқаи гумроҳи ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ ба унвони бозуи низомии ин фирқа бо ҳимоятҳои молӣ ва сиёсии подшоҳии Саудӣ дар кишварҳои ҷаҳон фаъолият мекунанд.

Пеш аз ин ва дар соли 2015, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мунҳалшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон таи ифшогарӣ аз талошҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба сафари бархе мақомҳои Душанбе ба кишварҳои муртаҷаи араби ҳошияи Халиҷи Форс, ҳадаф аз ин сафарҳоро дарёфти тазмин барои касби кумакҳои молӣ эълом карда буд. 

Дар паи шикасти фаъолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ, раҳбарони Риёз дарсадади интиқоли афроди вобаста ба ин гурӯҳи террористӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳастанд. Дар воқеъ, ин кишварҳо беҳтарин макон барои рушди фаъолиятҳои фирқаи гумроҳи ваҳҳобият арзёбӣ шудаанд. Коҳиши иттилоот аз дини мубини ислом, фиқдони таҳсилоти расмии динӣ ва донишгоҳӣ ва мушкилоти маишатӣ ва иқтисодӣ муҷиб шудааст, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон беҳтарин макон барои рушди андешаҳои ин фирқаи гумроҳ қаламдод шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо, шакке нест, ки ҳукоми Оли Сауд барои густариши нуфуз дар кишварҳои исломӣ, ваҳҳобиятро аз тариқи мадориси ба истилоҳ динӣ ва мазҳабӣ, масоҷид, эъзоми маблағ, эҷоди донишгоҳ ва сарфи ҳазинаҳои назарраси асъорӣ густариш медиҳанд. Пеш аз ин, илова бар раҳбарони давлати Душанбе, сарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва масъулони Созмони паймони амнияти ҷамъӣ низ дар заминаи густариши ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ ва бозуи низомии ин гурӯҳ ҳушдор додаанд .

Дар ин шароит, давлати Душанбе бо имзои қарордоди сохти мадориси ваҳҳобияти Саудӣ дар Тоҷикистон, бистари муносибе барои рушди андешаҳои ин фирқаи гумроҳ фароҳам кардааст. Аз ҳамакнун қобили пешбинӣ аст, ки наслҳои ояндаи Тоҷикистон бо мушкилоти мутааддиде мувоҷеҳ шаванд.