Май 21, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Шабдолов хостори пайвастани Русия ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ шуд

Шодӣ Шабдолов шахсияти сиёсӣ ва намояндаи собиқи порлумони Тоҷикистон, хостори пайвастани Русия ба шабакаи воҳиди барқи дар ҳоли эҳёи Осиёи Марказӣ шуд.

Ба гузориши сойти “Азия плюс”, Шодӣ Шабдолов бо ишора ба нишасти ахири мулоқоти вазоратҳои энержӣ ва оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаатои Қазоқистон ва таъкиди онон бар зарурати барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, хостори пайвастани Русия ба ин шабака шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки Узбакистон дар нишасти Алмаато ибтикори амал нишон дод ва аз намояндагони соири кишварҳои минтақа дархост кард, ки барои барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ талош ба харҷ диҳанд. Ҳол он, ки ин кишвар бо тахриби ин хат дар соли 2009 фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказиро мухтал карда буд ва имрӯз мақомоти давлати Тошканд ба чунин натиҷа рисдаанд, ки эҳёи дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ба нафъи ҳамагон мебошад.

Зеро барқарории муҷаддади фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фасли тобистон аз тариқи ин хутут беш аз 5 миллиард киловатт соат/барқи изофии худро ба Русия, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон содир кунад ва дар зимистон аз ин кишварҳо барқ дарёфт намояд ва камбуди шадиди барқ дар мавсими сарморо ҷуброн созад. Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки бо пайвастани Русия ба ин шабака ва иттисоли он аз хоки Туркманистон ба Эрон як бозори муҳимми муовизаи барқ, миёни кишварҳои минтақа бавуҷуд ояд.

Қаблан вазорати энержӣ ва манобеи обии Тоҷикистон, аз омодагии хеш барои фаъолияти муҷаддад дар шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ хабар дода буд.