Оғоз ба кори Комиссияи арзишёбии рисолаҳои докторӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Комиссияи арзишёбии рисолаҳои доктории донишмандони тоҷик, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ба кор кард.
Ба гузориши сойти Топ Тҷ, пас аз он, ки Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба вазорати омӯзиш ва улуми Русия, фаъолияти Шӯрои илмии Фарҳангистони тарбият муаллими Тоҷикистонро дар замина дифои рисолаҳои докторӣ мутаваққиф кард, акнун дар Донишгоҳи миллии ин кишвар дар Душанбе, Комиссияи арзишёбии рисолаҳои доктории донишмандони тоҷик таъсис шуд.
Бар асоси созишномаи дуҷониба, тамоми рисолаҳои докторӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз таъйид дар Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба вазорати омӯзиш ва улуми Русия, дорои эътибор мешуданд.
Коршиносон далели умдаи эъмоли маҳдудият дар дифои рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистонро ба мавзеъгирии Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия муртабит медонанд.
Медведев тирамоҳи соли гузашта дар ҳузури донишмандони рус дар шаҳри Санкт Петербург, аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб кард. Ба қавли Медведев, танҳо дар соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст, ки суолбарангез аст.
Акнун арзишёбии рисолаҳои доктории донишмандони тоҷик, дар риштаҳои фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, химия ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ дар Донишгоҳи миллии ин кишвар анҷом мешавад.
Бо ин ҳол дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки бо арзишёбии тамоми рисолаҳои доктории донишмандони ин кишвар дар Донишгоҳи миллӣ, ин рисолаҳо барои таъйиди ниҳоӣ ба Русия ирсол хоҳанд шуд. Зеро мустақил шудани Тоҷикистон дар бахши дифои рисолаҳои докторӣ ба гуфтаи донишмандон метавонад, заминаи камарзиш шудани пажӯҳишҳои илмӣ ва гирифтани дараҷаи докторо барои афродеро фароҳам созад, ки осори муҳимме надоранд ва бо истифода аз равобити хонаводагӣ ва сирқати илмӣ талош мекунанд, ба ин дарҷот даст ёбанд.