Май 24, 2017 09:13 Asia/Dushanbe
  • 43 дарсади мардуми Тоҷикистон ба оби тоза дастрасӣ надоранд

Раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон аз дастрасӣ надоштани 43 дарсад аз мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Топ.тҷ”, Тағоймурод Исломзода тайи суханоне дар ҳамоиши 4 -рӯзаи минтақаии об дар шаҳри Душанбе таъкид кард, барои таъмини мардуми ин кишвар бо оби ошомидании тоза, ниёз ба сармоягузории 2 миллиарддолларӣ вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба вуҷуди захоири фаровони об дар Тоҷикистон гуфт, ба далели камбуди манобеи молӣ барои лӯлакашии обу нигаҳдории шабакаҳои обрасонӣ ҳанӯз ҳам наздик ба ниме аз мардуми ин кишвар аз дастрасӣ надоштан ба ин неъмати муҳими ҳаётӣ ранҷ мебаранд.

Раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон эълом кард, қимати тамомшудаи ҳар 1 литр оби ошомидании тоза дар ин кишвар барои ин корхона 2 сомониву 30 дирам аст, ки бахши хонагӣ танҳо 88 дирам пардохт мекунад.

Тағоймурод Исломзода аз созмонҳову ниҳодҳои молии байналмилалӣ хост, барои ҳалли мушкили таъмини мардуми ин кишвар бо оби ошомидании тоза кӯмак кунанд.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, танҳо бо кӯмаки молии бонкҳову муассисоти молии байналмилалӣ заминаи таъмини беш аз 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз сокинони шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Хорўғ ва Истиқлол бо оби ошомидании беҳдоштӣ имконпазир хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар соли ҷорӣ 4 тарҳи обрасонӣ ва бозсозии шабакаҳои таъмини оби 17 шаҳри ин кишвар бо кӯмаки молии 70 миллиондолларии Бонки Рушди Аврупо амалӣ хоҳад шуд.