Май 25, 2017 09:04 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи муҷозоти волидайни аъзои ДИИШ дар Шаҳритӯси Хатлон

Аҳолии бархе рустоҳои ноҳияи шаҳри Тӯс дар вилояти Хатлон инзиво ва ихроҷи хонаводаҳоеро, ки ҷавононашон ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаандро хостор шудаанд .

Ба гузориши сайти “Топ.тҷ”,  Ҳисомиддин Холмуродов, имоми масҷиди ҷомеи ноҳияи Шаҳритӯс гуфтааст, ки дар нишасте, ки ахиран бо мавзӯи гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ баргузор шуд, тарҳи инзивои хонаводаҳо ва ихроҷи бастагони ин афрод аз маҳалли сукунаташон ироа шудаву ӯ худ низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардааст.

Имоми масҷиди ҷомеи ноҳияи Шаҳритӯс афзуд, инзивову ихроҷи волидайни ҷавононе, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, танҳо роҳи поён додан ба пайвастани ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ аст.

Аҳолии ин рустоҳо гуфтаанд, ки бояд рафтуомад, диду боздид, издивоҷ ва мушорикат дар маросими мазҳабии ин хонаводаҳо мамнуъ шаваду волидайну наздикони ҷавононе, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, аз маҳалли сукунаташон ихроҷ шаванд.

Бо ин ҳол Ғулом Бобоев, вакили мудофеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс зимни мухолифат бо тн тарҳ таъкид кардааст, ки набояд мушкили ҷавонони фиребхӯрдаро ба гардани волидайну наздикони онон андохт ва ин амр муғойир бо қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Мақомоти амниятии ноҳияи Шаҳритӯс мегӯянд, ки 40 нафар аз сокинони ин минтақа, аз ҷумла як зан дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки теъдоде аз ин афрод дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

 

Барчасп