Май 25, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ду шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Русия ба зиндон

Додгоҳи низомии шаҳри Маскав дар ҷаласае сайёр дар шаҳри Санк-Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷазби ҷавонон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи мунфаҷира ба 6 то 6,5 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, Сергей Капитонов, муовини созмони таҳқиқоти ҷиноии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтааст, ки ин ду нафар дар миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонии Санкт-Петербург таблиғ ва барои ҷазби онон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва эъзомашон ба Сурия фаъолият мекарданд.

Сергей Капитонов бидуни ишора ба номи ин ду шаҳрванди тоҷикистонӣ гуфт, ин афрод дар моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда буданду аз маҳалли сукунати онон имконоти таблиғотӣ, филмҳои марбут ба гурӯҳи такфирии ДИИШ ва маводи мунфаҷира кашфу забт шудааст.

Дар ду соли ахир беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба иттиҳоми таблиғи андешаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои ҷазби афрод ба ин созмони такфирӣ боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.