Август 08, 2016 18:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тавлиди нерӯи барқ  дар нерӯгоҳҳои Норак  ва Бойғозӣ

Дар нимсола дар неругоҳҳои барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев ва Бойғозӣ ба миқдори 6 миллиард киловат соат барқ истеҳсол шуда, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 миллион киловат соат кам аст.

Масъулини шаҳри Норак дар нишасти матбуотӣ   сабаби кам истеҳсол шудани нерӯи барқро аз набудани бозори истеъмолии он  донистаанд. Хотиррасон мешавем, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус  дар фасли сармо бо кам шудани сатҳи оби баҳри Норак нарасидани қувваи барқ мушкилии зиёдеро барои мардум ба бор меорад. Дар фасли гармо  Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад барои фурӯши  истеҳсоли барқи изофӣ харидори муносиб  пайдо намояд. Коршиносон мегуянд,   солҳои қабли харидори асосии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли гармо Ҷумҳурии Ӯзбакистон буд, вале бо сард шудани муносибатҳои ҳамсоягии Ӯзбакистон натанҳо  аз  харидори намудани барқи Тоҷикистон даст кашид,   балки монеъаҳои зиёде барои идомаи бунёди Нерӯгоҳи барқии Роғун эҷод  кард. Дар ҳоле, ки дар фасли гармо бо нархҳои арзон на ҳамаи  барқи истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Қирғизистон харидори мешаванд,  қисме аз оби зиёдатии  баҳри Норак   партоб мешавад.Дилшод Асозода, муовини раиси шаҳри Норак мегӯяд, ки   Норак шаҳри энергетикҳо буда дар қатори иҷрои   нақшаи воридоту даромади андозҳо   сол то сол  маоши миёнаи аҳолӣ  рӯ ба болоравиро дорад.Дар ҳоле, ки аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ ва  фаъол будани корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Норак маоши миёнаи аҳолӣ  дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёд аст, баъди дар моҳи апрел бо иштироки Президенти кишвар  кушода шудани  истироҳатгоҳи «Пули Сангин» теъдоди саёҳони дохиливу хориҷӣ  афзоиш ёфтааст.Масъулини шаҳр мегӯянд, ки барои ҷалби бештари саёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Норак  ширкати саёҳии  «Акваклуб» таъсис ёфта,  соҳибкорони шаҳр  қасд доранд, ки дар  мавзеи «Пули сангин»  як маҷмаъи истироҳатии дорои ҳамаи шароитҳоро   барои ҷалби бештари саёҳон бунёд намоянд.