Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон (акс)
24 майи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, чорабинии фарҳангию варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, инчунин 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон баргузор гардид.
Дар ибтидо пас аз садо додани Суруди миллии Тоҷикистон паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон қироат шуд.
Сипас, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон- Неъматулло Эмомзода ҳозиринро бо ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳё ва ташаккули давлату давлатдории тоҷикон, истиқрори сулҳу оромиш ва ваҳдату баҳамоии мардуми кишвар, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ, сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат дар робита ба ҷавонон сухан ронд. Ӯ соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дар Тоҷикистонро намунаи рӯшани сиёсати мазкур хонда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, таҳсилу омӯзиши ҷиддӣ ва хидмати содиқона ба халқу Ватан даъват намуд.
Барои ҳозирин барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаш гардида, бахшида ба Соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамчунин, бо иштироки донишҷӯён мусобиқаҳоии варзишӣ баргузор карда шуданд.
Гӯшаи бинои Сафорат бо сабки вижа ороиш ёфта, дар он китобҳои роҳбарияти олии кишвар, асару таълифоти гуногун, инчунин, намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд ва барои иштирокдорон ғизои миллӣ низ таҳия ва пешкаш гардид.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Сафорат ба донишҷӯёни фаъолу комёб, хатмкунандагони донишгоҳҳо ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии ин чорабинӣ ҷоизаву туҳфаҳо тақдим карда шуданд.




