Баргузории нишасти Шӯрои дабирони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ
42-юмин нишасти Шӯрои дабирони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Қирғизистон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ширкаткунандагон дар ин нишаст масоили амнияти минтақа, мушкилоти марбут ба терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва амнияти иттилоотиро маврид баррасӣ қарор доданд.
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар паёме ба ин нишаст таъкид кард, барои мубориза бо терроризм бояд манобеи молӣ ва таҷҳизи онон қатъ шавад. Абдил Сагизбоев, дабири Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ дар ин нишаст гуфт, фаъолияти муштараки тамоми аъзои ин шӯро боиси ҷилавгирӣ аз шиддат ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа мешавад.
Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти федералии Русия низ дар ин нишаст ба табодули иттилоот байни хадамотҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ барои боздошти террористҳо ва мубаллиғони ДИИШ таъкид кард. Илова бар ҳузур мақомоти аршади ниҳодҳои иттилоотии кишварҳое монанди Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Белорусия, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, раисони хадамотҳои амниятии Узбакистон ва Туркманистон низ ба унвони нозир дар ин нишаст ширкат доштанд.