Май 27, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои баҳрабардорӣ аз се чархаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун”

Муовини Кумитаи умури иқтисод ва буҷети Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои баҳрабардорӣ аз 3 турбини нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли 2018 хабар додааст.

Ба гузориши сайти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Баҳодур Акрамзода, ки чанде қабл аз маҳалли сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” боздид карда буд, гуфтааст, ки барои баҳрабардорӣ аз 3  турбини нахусти ин нерӯгоҳ дар соли 2018 тамоми имконоти моливу фаннӣ фароҳам аст.

Вай таъкид кардааст, ки 200 нафар аз муҳандисону коршиносони украинӣ кори насби ду  турбини нахусти ин нерӯгоҳро оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи Акрамзода, дар буҷети имсоли ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ба қадри кофӣ манобеи молӣ дар назар гирифта шудаву мавзӯи камбуди буҷет дар ин тарҳ бештари овозапарокании расонаӣ аст.

Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи обии “Роғун”, такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати италияии “Salini Impregilo S . Р . A” вогузор кард .

 ӣн ширкат мутаъаҳҳид шуд ки то поёни соли 2018 ду  турбини нахусти нерӯгоҳи барқи обии роғунро ба баҳра бурдорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970-и мелодӣ барномарезӣ шуд.

Аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз такмил нашудааст.