Даъват аз тоҷикони Русия барои мушорикат дар маросими ифторӣ дар Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17904-Даъват_аз_тоҷикони_Русия_барои_мушорикат_дар_маросими_ифторӣ_дар_Маскав
Муовини аввали Идораи умури мусулмонони Русия аз тоҷикони муқими ин кишвар хост, ки дар баргузории зиёфати ифтории мавсум ба чодари Рамазон дар шаҳри Маскав ширкат кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2017 05:05 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз тоҷикони Русия барои мушорикат дар маросими ифторӣ дар Маскав

Муовини аввали Идораи умури мусулмонони Русия аз тоҷикони муқими ин кишвар хост, ки дар баргузории зиёфати ифтории мавсум ба чодари Рамазон дар шаҳри Маскав ширкат кунанд.

Ба гузориши сойти Ахбори исломии Русия, Равшан Аббосов гуфтааст, ки ҷомеаи мусулмонони тоҷикистонёни муқими Русия, дар ҳоли рушд мебошад ва Қуръони карим дар миёни ин афрод, аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор аст.

Вай бо бар шумурдани вижагиҳои тоҷикони муқими Русия, тасреҳ кард, "Тоҷикон ҳануз ҳам нақши созанда доранд. Чунончи, бисёре аз қориҳо ва олимони Қуръони маҷид дар Русия аз Тоҷикистон ҳастанд. Қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишину гӯшнавозашон ороиш медиҳанд. Ҳамин як далел худ гувоҳ бар пешрафти мактаби ҳифзу қироати Қуръони карим дар Тоҷикистон аст".

Акнун, ки моҳи мубораки Рамазон моҳи нузули Қуръон фарорасида аст, аз тамоми тоҷикони муқими Русия дархост мешавад, ки аз чодари Рамазон дидан намоянд. Равшан Аббосов таъкид кардааст, ки ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ба муддати 30 рӯз дар чодари Рамазон, шабе як кишвари исломӣ бо оростани суфраи зиёфати ин моҳи муборак аз меҳмонон ва боздидкунандагон пазироӣ хоҳад кард. Дар ин макон боздидкунандагон ва ҳатто ғайримусулмонон метавонад бо одобу русуми кишварҳои исломӣ дар моҳи Рамазон, ғизоҳои мардумони ин кишварҳо ва ҳунари ҳифзу қироати Қуръони карим, тавассути атбои ин ҷумҳуриҳо ошно шаванд.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав, созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва тамоми шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ, ки муқими Русия мебошанд, маросими муаррифии Тоҷикистон дар чодари Рамазони имсол бо шукӯҳи вежае баргузор хоҳад шуд.