Май 30, 2017 09:12 Asia/Dushanbe
  • Озмуни 17 ҷойи кор дар Агентии мубориза бо коррупсия

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои 17 ҷойи кор дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.

Ба иттилои сайти ин ниҳод, довталабони воҷиди шароити ин озмун бояд то 15 июни имсол асноду мадорики худро ба ин ниҳод ироа кунанд. Ба довталабон аз 628 то 919 сомонӣ маош ваъда кардаанд.

Се соли таҷрубаи кор дар идороти давлатӣ , мадраки таҳсилоти донишгоҳӣ, ошноӣ бо компютеру тасаллут бар забони тоҷикӣ аз шароити лозим барои ширкат дар ин озмун аст .

Ин озмун дар ҳоле баргузор мешавад, ки ин рӯзҳо боздошти 7 корманди Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва кашфи амволу дороиҳои ин афрод сару садои зиёде дар маҳофили расонаӣ ва каршиносии ин кишвар ба по кардааст .

Ахиран Сулаймон Султонзода, раиси ин ниҳод дар посухи расмӣ ба расонаҳо, ташкили парвандаҳои ҷиноӣ ва боздошти шуморе аз кормандони ин агентиро тайид, вале мусодираи амволу дороиҳои миллионии ононро рад кардааст .