Дидори вазири корҳои дохилӣ бо ҳамоҳангсози доимии Созмони милали муттаҳид
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони милали муттаҳид (СММ), роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта дидор намуд.
Ба иттилои сайти Ховар, дар ин дидор Тоҷикистон нақши муассири Созмони милали муттаҳидро дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ҳамкориҳо дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ташкилотҳои СММ, ба монанди Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Созмони байналмиалалии муҳоҷират фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Дар навбати худ Ҳамоҳангсози доимии Созмони милали муттаҳид қайд кард, ки рушду инкишофи ҳар як кишвар аз суботи оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз он ҷумла ҳифзи кӯдакон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд. Махсусан ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои фаромарзӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва рушд таъкид намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақсади таъмини оромӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар минтақа боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.