Шарти омодагии Сандуқи байналмилалии пул барои баррасии пешниҳодҳои Тоҷикистон
(last modified Thu, 01 Jun 2017 05:06:40 GMT )
Июн 01, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
  • Шарти омодагии Сандуқи байналмилалии пул барои баррасии пешниҳодҳои Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои баррасии эътои кумакҳои молӣ ба ҳукумати ин кишвар омода аст.

Ба гузориши сайти дафтари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон, дар пайи музокироти ҳайати ин ниҳоди молӣ бо мақомоти ҳукумати ин кишвар дар Душанбе, ки рӯзҳои 17 то 30-юми май баргузор шуд, мавзӯи дархости Тоҷикистон барои дарёфти кӯмакҳои ин сандуқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар гузориши ҳайати эъзомии СБП ба Тоҷикистон омадааст, ки ин ниҳод омодаи баррасии пешниҳодҳои Душанбе аст, аммо барои амалӣ шудани ин пешниҳодҳо тарафи Тоҷикистон бояд дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, фаъолияти бонкҳо ва муассисоти моливу қарзии хурд ва тағйири сиёсати худ дар қиболи бахши хусусӣ иқдом кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир бо мақомоти СБП барои ҷазби кӯмакҳои молии ин ниҳод музокира мекунад, ки то ба ҳол ба натиҷа нарасидааст.

СБП барои ироаи кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон шартҳое чун имтиёз ва содасозии шароити фаъолият ба бахши хусусӣ, ислоҳи низоми бонкӣ, таъмини рушди иқтисодӣ бо иҷрои барномаи корофаринӣ, тасвияҳисоби бонкҳои буҳронзада бо муштариён ва коҳиши фақрро матраҳ мекунад.

Ҳамчунин намояндагони СЮП мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017-ро кунд медонанд, аммо ҳукумати ин кишвар дар ин замина назари дигаре дорад.