Июн 01, 2017 12:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди озору азиятшудаи Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ баргардонда мешавад

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки як шаҳрванди ин кишвар, ки дар Арабистони Саудӣ ба унвони коргари манзил фаъолият мекардаву мавриди озору азият қарор гирифтааст, ба зудӣ ба кишвараш бозгардонда мешавад.

Ба гузориши сайти “Топ.тҷ”, дар пайи паноҳ бурдани хонум Шамссия Ҳасаналибекова, шаҳрванди Тоҷикистон ба сафорати ин кишвар дар Риёз, ба далели озору азият ва хушунати корфармои арабистонӣ, акнун мақомоти ин сафорат ба дунболи интиқоли вай ба Тоҷикистон ҳастанд.

 Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асоси қарордод бо ширкати “Awail Office for Services” дар манзили як шаҳрванди арабистонӣ кор мекард, борҳо мавриди озору азият ва хушунат аз сӯйи хонуми соҳибхона қарор гирифтаву дар ниҳоят бо мудохилаи полиси маҳаллӣ озод шудаву ба Сафорати Тоҷикистон дар Риёз таҳвил дода шудааст.

Хонум Шамсия Ҳасаналибекова гуфтааст, ки ба далели бузург будани хонаи ин шаҳрванди Арабистон, маҷбур буда аз субҳи зуд то нимашаб ба назофати корӣ машғул шавад, аммо дар баробари сари вақт пардохт нашудани дастмуздаш ҳамвора мавриди озору азият ва хушунати зани соҳибхона қарор мегирифтааст.

Вай муддаӣ шудааст, ки дар мавриди охир бо истифода аз шоки барқӣ шиканҷа ва маҷбур шуда бо полис тамос бигирад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан гӯяндаи телевизиони вилояти Бадахшон будаву дар пайи интишори эъломи эъзоми тоҷикон барои кор ба Арабистони Саудӣ бар асоси қарордод бо ширкати “Awail Office for Services” озими ин кишвар мешавад, аммо дар онҷо бо шароити ғайримунтазира ва хушунат рӯбарӯ мегардад.