Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон шуъбаи Донишгоҳи исломии Мадинаро ифтитоҳ намекунад
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабари азми ин кишварро барои сохти ду пойгоҳи бузурги омӯзиши улуми исломӣ дар Тоҷикистон рад кард.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи дувуми июн ахбори мунташиршуда дар бораи азми Арабистони Саудӣ барои ифтитоҳи шӯъбаи Донишгоҳи исломии Мадина дар шаҳри Душанбе барои 2600 донишҷӯ ва як маркази исломӣ барои 2000 донишҷӯ дар Бадахшонро рад кард.
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон афзуд, ин сафорат мазмуну мундариҷоти хабари мазкурро қотеона рад мекунад. Ҳамчунин сомонае ки дар он ин хабари кизб мунташир шуда, воқеӣ набудааст ва сомона ба шабакаи маъруфи “Аларабия” иртиботе надорад.
Рӯзи аввали июн расонаҳои зиёде бо такя ба сомонаи “Аlarabyia.org” хабар доданд, ки Арабистони Саудӣ қасд дорад дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шӯъбаи Донишгоҳи исломии Мадинаро барои 2600 донишҷӯ ва дар Бадахшон як маркази исломӣ барои 2000 донишҷӯи дигар бисозад.
Дар хабари ин сомона, ки акнун масдуд шудааст, гуфта шуда буд, дар бораи барномаҳои Саудӣ дар Тоҷикистон бо сафири Саудӣ дар Душанбе -Абдулазиз Муҳаммад Албодӣ гуфтугӯ шудаву гӯё вай гуфтааст, ба зудӣ дар шаҳри Душанбе шӯъбаи Донишгоҳи исломии Мадина ифтитоҳ мешавад.
Ҳамчунин дар ин хабар зикр шуда буд, бар асоси тавофуқи муқаддамотии моҳи январи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар шаҳри Душанбе бахши Донишгоҳи исломии Мадина барои 2600 донишҷӯ таъсис мешавад, ки ин донишгоҳ ба донишҷӯёну рӯҳониёни тоҷик улуми исломиро омӯзиш хоҳад дод.
Аммо дар маҳофили каршиносӣ ва расонаӣ вокунишҳо ба хабари эҳтимоли боз шудани шӯъбаи Донишгоҳи Мадина дар Тоҷикистон мутафовит аст. Як гурӯҳ аз имкони таъсиси чунин пойгоҳи омӯзиши улуми исломӣ дар Тоҷикистон, ки ҷуз як донишкадаи исломӣ дигар ҳеч муассисаи омӯзишии олии исломӣ надорад, истиқбол кардаанд. Вале гурӯҳи дигар изҳори нигаронӣ кардаанд, ки шояд Арабистони Саудӣ аз ин барнома барои таблиғи идеологияи худ дар Тоҷикистон сӯиистифода кунад.