Июн 10, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон содироти барқи худро ба Афғонистон ду баробар кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, бо шурӯи фасли гармо Тоҷикистон мизони содироти барқ ба Афғонистонро ба таври миёна ба 7 миллион киловатт соат дар рӯз афзоиш додааст.

Содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон дар моҳи апрели имсол 2.6 миллион киловатт соат дар рӯз будааст.

Бар асоси эъломи ширкати “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон соли гузашта беш аз 3.1 миллиард киловатт соат барқ содир кардааст.

Умдатарин бозори фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли 2016 Афғонистон бо 92.8 дарсад буда ва пас аз он ҷумҳурии Қирғизистон будааст.

Қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар соли гузашта барои як киловат соат 4.059 сент будааст.

 

Барчасп