Таъсиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 11 Jun 2017 07:26:12 GMT )
Июн 11, 2017 12:26 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Кумитаи рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон

Бахши сайёҳии Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, ба сурати муҷаззо ва дар қолаби ниҳоди ҷадиде бо унвон “Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон” оғоз ба кор кард.

Ба гузориши сомонаи “Вароруд”, тибқи қарори давлати Тоҷикистон, Кумитаи қаблие, ки бахши гардишгарӣ ҳам ҷузъе аз он буд, аз ин баъд бо ном “Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш” фаъолияти худро идома медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, “Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон” ба хотири афзоиши вуруди гардишгарон ба Тоҷикистон ва барои рушди бештари ҷаҳонгардӣ дар кишвар, ба ниҳоди мустақил табдил шудааст.

Ҳанӯз иттилои расмӣ дар бораи сохтори ин кумита вуҷуд надорад, аммо дар маҳофили коршиносӣ ин фарзия матраҳ аст, ки раиси ин кумитаи тоза таъсис, писари кӯчаки Эмомалӣ Раҳмон, Сомони Эмомалӣ хоҳад буд.

Коршиносон тағйироти ахир дар қонуне, ки тибқи он минбаъд ҷавонон аз 22 солагӣ метавонанд маносиби давлатиро ишғол кунанд, ба ҳамин масъала рабт медиҳанд.