Июн 12, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости паноҳандагии беш аз 800 тоҷикистонӣ аз Полша

830 шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2016 аз кишвари аврупоии Полша дархости паноҳндагӣ кардаанд.

Ожонси омори Иттиҳоди Аврупо Евростат, омори ҷадидеро аз дархости паноҳандагӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мунташир кардааст, ки бар асоси он, 8 дарсад ва ё 830 нафар паноҳҷӯёни хориҷӣ дар Полша аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, то соли 2014 чунин дархостҳои бисёр камтар буд ба тавре, ки дар соли 2014 танҳо 105 шаҳрванд Тоҷикистон барои паноҳандагӣ ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муроҷиат карда буданд. Аммо пас аз соли 2015 замоне, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин кишвар мамнуъ эълом шуд, теъдоди паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ ба таври чашмгире афзоиш ёфтааст.

Бунёди Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Варшава, ки бо паноҳандагон кор мекунад ва ба дифоъ аз ҳуқуқи онон дар додгоҳҳо машғул аст, гуфт, аксари шаҳрвандон Тоҷикистон, ки аз Полша тақозои паноҳандагӣ карда буданд посухи манфӣ дарёфт кардаанд. Пас аз он, бархе аз онҳо ба Олмон рафтанд ва аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳндагӣ намуданд, аммо дар он ҷо низ ҷавоби рад шуниданд.

Пас аз талош барои шӯриш ва созмондеҳии як кудато аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, Додгоҳи олии ин кишвар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳимоят аз ин кудато муттаҳам ва онро террористӣ ва фаъолиташро дар кишвар мамнуъ эълом кард.

Бо таваҷҷуҳ ба гузоришоти ҳомиёни ҳуқуқи башар, аксари касоне, ки ба Аврупо фирор кардаанд, аъзо ва ё пайравони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ шудаи наҳзати исломии ин кивар ва дигар мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.