Июн 13, 2017 11:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се шаҳрванди тоҷик дар Бишкек

Мақомоти вазорати кишвари Қирғизистон аз дастгирии се шаҳрванди тоҷикистонӣ дар шаҳри Бишкек хабар доданд.

Ба иттилои Азия-Плюс, ин афрод, ки нимашаби ҳафтуми июн як сокини шаҳри Хуҷандро бо заработи корд захмӣ карда ва ҳамон рӯз аз марзи вилоятҳои Суғду Ботканд ба Қирғизистон фирор карда буданд, ёздаҳуми июн дар қаҳвахонае дар Бишкек дастгир шуданд .

Токунун ҳадафи ин афрод аз ин даст задан ба ин ҷиноят мушаххас нашудааст .

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, боздоштшудагон аз Бишкек ба вилояти Ботканд фиристода шудаанд ва мавзуи истирдоди онҳо ба Тоҷикистон дар ин вилояти ҳаммарз бо Суғд баррасӣ хоҳад шуд .

Дар сурати истирдоди ин афрод ба Тоҷикистон бар асоси моддаи 237 қонуни ҷиноӣ 5 то 7 соли зиндон дар интизори онон хоҳад буд .

 

 

Барчасп