Июн 18, 2017 11:35 Asia/Dushanbe
  • Худкушии бародари сармоядори маъруфи тоҷик дар Русия

Баҳром Муҳиддинов, бародари кӯчаки Диловар Муҳиддинов- сармоядори маъруфи тоҷики муқими Русия худкушӣ кард.

Ин ҳодиса дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия рух дод, аммо ҳанӯз иллати ин ҳодиса мушаххас нашудааст.

Ба гузориши сойти Ахбор, Диловар Муҳиддинов дар садади интиқоли ҷасади бародари худ ба зодгоҳашон дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон аст.

Марги бародари Муҳиддинов бар асари худкушӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки ахиран бозори ноҳияи Фархор, ки моликияти он дар ихтиёри хонаводаи Муҳиддиновҳо аст, дучори ҳариқ шуд ва ба куллӣ аз байн рафт.

Диловар Муҳиддинов аз 30 соли пеш дар Русия сукунат дорад ва ба унвони тоҷир ва сармоядори муваффақ шинохта шудааст. Вай яке аз саҳомдорони ширкати ҳамлу нақли байналмилалии “Транс Евразия Лоҷистик”, аз пешгомони санъати ҳамлу нақли Русия аст.

Диловар Муҳиддинов дар умури хайрия дар зодгоҳаш фаъол аст ва ба сохти мактаб ва чандин роҳи иртиботӣ иқдом кардааст.

Дар маросими ифтитоҳи мактаби ҷадид таъсиси шудаи Муҳиддинов, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат карда буд.