Июн 19, 2017 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон кишвари мавриди ҳадафи гардишгарӣ дар Русия

Тоҷикистон ба ҷамъи 50 кишваре изофа шуд, ки сайёҳони рус ба он тамоюл доранд.

Ба иттилои Агентии сайёҳии “Турстат”, дар радабандие, таҳлилгарони ин Агентӣ тартиб додаанд, Тоҷикистон байни кишварҳое, ки сайёҳони рус алоқаманданд, ба он сафар кунанд, мақоми 41-ро соҳиб шудааст.

Расонаҳои Русия навиштаанд, аввалин бор аст, ки Тоҷикистон ба ин радабандӣ ворид мешавад.

Аз авоили имсол 22 ҳазор сайёҳи Русия аз Тоҷикистон дидан кардаанд.

Таҳлилгарони ин ширкати сайёҳӣ мегӯянд, таваҷҷуҳи туристҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон бештар ба вазъи обу ҳаво рабт мегирад.

Баҳори сард ва тобистони боронӣ сайёҳонеро ба кишварҳои гарм бурдааст, ки қасд доштанд, дар хонаҳояшон истироҳат намоянд.

Бисёре аз шаҳрвандони Русия барои истироҳат кишварҳои Осиёи Марказиро интихоб кардаанд, чун рводид лозим нест ва ҳам хароҷоти камтар мехоҳад.