Навоз Шариф ба Тоҷикистон сафар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i18918-Навоз_Шариф_ба_Тоҷикистон_сафар_мекунад
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар моҳи июли соли ҷорӣ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 19, 2017 14:40 Asia/Dushanbe
  • Навоз Шариф ба Тоҷикистон сафар мекунад

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар моҳи июли соли ҷорӣ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хоҷамуҳаммади Осиф, вазири обу энержии Покистон дар ин замина гуфт: Навоз Шариф барои ширкат дар нишасти “КАСА-1000”, ки дар июли соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон сафар мекунад .

Нахуствазири Покистон дар ин нишаст, масоили марбут ба энержӣ ва дифоъро баррасӣ мекунад .

Чандин сол аст, ки давлати Тоҷикистону Покистон дар заминаи тарҳи “КАСА-1000” ҳамкорӣ доранд ва ба муваффақият низ даст ёфтанд .

Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 15 миллион доллар арзёбӣ шуда ва арзиши кулли ин тарҳ беш аз як миллиард доллар бароварда шудааст .

Ахиран Русия низ хостори ширкат дар тарҳи “КАСА-1000” шудааст .