Июн 21, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон бар густариши ҳамкориҳо

Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.

Нишасти ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба раҳбарии Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Улуғбек Розуқулов, муовини нахуствазири Ӯзбакистон рӯзи гузашта дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин нишаст вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд ва мақомоти ду кишвари ҳамсоя бар асаргузор будани натоиҷи ин нишаст барои густариши равобит дар ин заминаҳо таъкид карданд.

Дар чорчӯби ин нишаст ҳамчунин музокироте миёни тавлидкунандагону корофаринони ду кишвар ба манзури роҳандозии равобити мустақим баргузор шуд.

 Ширкаткунандагон дар ин нишаст таъкид карданд, ки натиҷаи мулоқот гувоҳи ин аст, ки ду кишвар барои густариши ҳамкорӣ аҳамияти вижа қоил ҳастанд.

Имрӯз 21-уми июн дар шаҳри Душанбе бо ширкати 300 соҳибкор ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон баргузор мешавад.

 Ҳайати Ӯзбакистон ба раёсати Улуғбек Розуқулов, муовини нахуствазири он кишвар ҳамчунин раҳбарону намояндагони 17 вазоратхона, созмони давлатӣ ва 28 намоянда аз бахши хусусӣ рӯзи сешанбеи бистуми июн вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуданд.