Тоҷикистон ҳамкории худро бо Бонки тавсеаи Осиё густариш медиҳад
Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи Осиё ҳамкории худро дар заминаи пуштибонӣ аз тарҳҳои зерсохтӣ, нақлу интиқол ва энержӣ густариш медиҳанд.
Бино ба итилои дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мавзӯъ дар дидори ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайате аз мудирони Бонки тавсеаи Осиё дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ду тараф дар ин дидор ҳамкории Бонки тавсеаи Осиё бо Тоҷикистонро дар заминаҳои энержӣ, нақлу интиқол ва таъмини амнияти ғизоӣ умедбахш тавсиф кардаву тақвияти бештари ҳамкорӣ дар ин бахшҳоро хостор шудаанд. Дар ҷараёни ин дидор қарор шудааст, ки Бонки тавсеаи Осиё нақши пуррангтареро дар тарҳи бозсозии ҷоддаҳо ва ҳамчунин тармими нерӯгоҳи обии "Норак" ифо кунад.
Бар асоси ин гузориш, давлати Тоҷикистон ва ҳайати мудирони Бонки тавсеаи Осиё дар мавриди ҷалби сармоя ҷиҳати маҳори офоти табиӣ ва ҳалли масоили марбут ба таъмини суботи молӣ ва мизони буҷети давлати Тоҷикистон ба тавофуқ даст ёфтаанд.
Давлати Тоҷикистон бо Бонки тавсеаи Осиё собиқаи ҳамкории 20 сола доштаву дар ин муддат Бонки мазкур дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.