Июн 22, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи ҷалби сармояи хориҷӣ барои нерӯгоҳи “Роғун”

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарори ҳукумати ин кишварро дар бораи арзаи авроқи баҳодор (коғазҳои қимматнок) ба муомилоти байналмилалӣ ба тасвиби расонд.

Ба гузориши “Озодагон”, Ҷамшеди Нур‌муҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми  июн зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, ҳадафу моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳое барои сохтусози биноҳои стратегии кишвар мебошад.

Нур‌муҳаммадиён афзуд, дар марҳалаи аввал арзаи авроқи баҳодор ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ин нахустин таҷрибаи Тоҷикистон барои арзаи авроқи баҳодор ба бозори байналмилалӣ аст ва корҳои муқаддамотӣ дар ин хусус идома доранд.

Шариф Раҳимзода, вакили Парлумони Тоҷикистон низ дар ҳимоят аз ин тарҳ таъкид намуд, ки ҳадаф аз пешниҳоди авроқи баҳодор ба бозори байналмилалӣ ҷалби сармоя барои такмили пружаи азими энержии Тоҷикистон- нерӯгоҳи обии дар дасти сохти “Роғун” аст.

Ба ақидаи Раҳимзода, бо вуҷуди он ки иҷро шудани барномаи арзаи авроқи баҳодор ба бозори байналмилалӣ хатари афзоиши қарзҳои Тоҷикистонро бештар мекунад, аммо дар дарозмуддат бо ҷалби сармояи хориҷӣ пас аз такмили пружаи “Роғун” ва тавлиди нерӯи барқи изофӣ имкони содироту фурӯши он фароҳам мешавад, ки ин ба нафъи ояндаи кишвар аст.

Якуми июли соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило”-и  Италия барои такмили пружаи азими нерӯгоҳи обии “Роғун” созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 3. 9 миллиард доллар ба имзо расонд ва масъулини ин ширкат гуфтанд, ки аввалин чархаҳои ин нерӯгоҳ соли 2018 оғоз ба кор мекунанд.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди беш аз 300 -метрӣ пас аз такмил бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.