Тоҷикистон содироти коло ва хадамотро 20 дарсад афзоиш медиҳад
(last modified Sat, 24 Jun 2017 04:47:30 GMT )
Июн 24, 2017 09:47 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон содироти коло ва хадамотро 20 дарсад афзоиш медиҳад

Давлати Тоҷикистон қасд дорад аз тариқи баҳрабардорӣ аз манотиқи озоди иқтисодӣ, содироти коло ва хадамотро то 20 дарсад афзоиш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, бо истинод ба бахшҳои марбут ба блоки иқтисодии давлати Душанбе, рушди содироти ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба маҳсулоти бо арзиши афзуда қобили пешбинӣ аст.

Бино ба иттилои ин манобеъ, ҷиҳати дастрасӣ ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон чаҳор минтақаи озоди иқтисодии мавсум ба “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” ба масоҳати як ҳазору 162 гектар эҷод шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳосиботи аввалия қарор аст дар қаламрави ин чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ аз 30 то 50 корхонаи тавлидӣ бунёд шавад, ки дар онҳо аз 6 то 10 ҳазор коргар фаъолият хоҳанд кард.

Гуфтанӣ аст, дар корхонаҳои фаъоли манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон умдатан масолеҳи сохтмонӣ, маводи шӯянда ва рангу маҳсулоти кишоварзӣ тавлид мешавад.