Омодагӣ барои бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон
Туркия барои таҷлил аз Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Туркия барои таҷлил аз зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар шаҳри Душанбе маҷмӯаи барномаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунарӣ баргузор мекунад.
Ин мавзӯъ дар дидори Шамсуддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Алӣ Рифъат Кёксал, сафири ҷумҳурии Туркия дар Душанбе мавриди баҳс қарор гирифт.
Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили марбут ба таҳкими равобити фарҳангӣ ва илмӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо ҳамкории муштараки Сафорати Туркия ва Академияи улуми Тоҷикистон ва бо ширкати теъдоде аз пажӯҳишгарон аз кишварҳои мухталифи ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди мероси адабии Мавлоно баргузор хоҳад шуд.
Солрӯзи мелоди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳар сол дар 30-юми сентябр дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ва бо ширкати тамоми ақшори ҷомеа ва мавлавишиносон аз сойири кишварҳо гиромӣ дошта мешавад.