Июн 29, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм - мавзӯи аслии нишасти вазирони кишварҳои ИДМ дар Душанбе

Нишасти Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдидҳову хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бар густариши ҳамкорӣ дар ин заминаҳо таъкид шуд.

Дар ин нишаст вазирони умури дохилаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчунин таъкид карданд, ки танҳо бо ҳамкории муштараки вазоратҳои зирабти кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва пешгирӣ аз амалиёти террористӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир метавон ба натоиҷи мавриди назар даст ёфт.

Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ин кишварро намояндагӣ мекунад.

Ҳамчунин вазирони умури дохилаи ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбакистон, муовини вазири умури дохилаи Молдова, муовини раиси полиси Арманистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноёти созмонёфта дар ҳудуди кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ашхоси расмии дигар ҳузур доранд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи дирӯз, қабл аз шурӯи ҷаласаи вазирони умури дохилаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Қасри Миллат бо онҳо дидору гуфтугӯ дошт.

Нишасти навбатии Шӯрои вазирони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе имрӯз (29 июн) идомаи хоҳад дошт.‌