Июл 01, 2017 10:51 Asia/Dushanbe
  • Таъйини раиси бахши гардишгарии Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва муовинони Кумитаи тозатаъсиси гардишгарӣ дар ин кишварро таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне Нӯъмон Абдуғаффорзодаро ба симмати раиси Кумитаи рушди гардишгарӣ ва Ҳабибуллоҳ Амирбекзода ва Ширин Амонзодаро ба симмати муовинони ин кумита таъйин кард.

Раиси ҷадиди Кумитаи рушди гардишгарӣ қаблан дар дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардааст ва Ҳабибуллоҳ Амирбекзода, муовини аввали вай низ пеш аз ин муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ин кишвар будааст.

Даввлати Тоҷикистон бо ҳадафи рушду тавсеаи гардишгарӣ ва фароҳамсозии шароити матлуб дар ин бахш ахиран Кумитаи ҷудогонаи рушди гардишгариро ташкил дод.

Тоҷикистон барномаи тавсеаи гардишгарӣ барои солҳои 2009-2019-ро тасвиб кардааст, ки бар асоси он ин кишвар бояд то соли 2020 беш аз як миллион гардишгариро ҷазб кунад.