Июл 03, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Поёни таҳқиқ дар бораи  фасоди молӣ  дар давраи шаҳрдори собиқи Душанбе

Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳқиқ ва тафаҳҳус дар бораи фасоди молӣ, дар давраи фаъолияти шаҳрдори собиқи Душанберо ба поён расонданд.

 Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷИнфо, ҳадаф аз ин таҳқиқ чигунагии ҳазинаи манобеи молӣ дар сохти манзилҳо ва бархе аз таъсисоти муҳимми шаҳри Душанбе, дар даврони масъулияти Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар симати шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон будааст.

  Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти имсол ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастур дода буд, ки мавзӯи фасоди беш аз 100 миллион сомониро дар даврони шаҳрдори собиқи Душанбе баррасӣ кунад ва аввали июли имсол гузориши онро ба ӯ ироа намояд.

  Манобеи наздик ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ин таҳқиқ мавзӯи чигунагии ҳазинаи манобеи молии буҷаи давлатӣ дар сохти хонаҳои мавсум ба “Манзили дастрас”, бинои “Душанбе-Плаза” ва маркази тандурустии “Истиқлол” дар даврони масъулияти Убайдуллоев дар симати шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

  Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи апрели имсол Саидшариф Анваров, масъули сохту соз дар шаҳрдории Душанберо ба иттиҳоми фасод ва талош барои пардохти ришва ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

  Ҳамчунин Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов, раис ва муовини яке аз ширкатҳои сохтмонсозии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми мушобеҳ ба 18 ва панҷ сол зиндон ва пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.