Август 10, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии филми коргардони тоҷик ба Ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ дар Русия

Филми 25 дақиқаии Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик дар радифи 60 филм барои муаррифӣ дар давоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ дар шаҳри Қазон, маркази ҷумҳурии Тотористони Русия муҷаввиз дарёфт кард.

Ба иттилои сайти Кумитаи тадорукотии ин ҷашнвора, филми "Пиёла" ба коргардонии Муҳиддини и Музаффар дар радифи филҳое аз 33 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Ироқ, Сурия, Арманистон, Иморот ва Амрико дар ин Ҷашнвораи байналмилалӣ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Сергей Лаврентев, дабири давоздаҳумин Ҷашнвораи байналмилалии синамои исломии Қазон, аз миёни 700 филми ироашуда барои ширкат дар ин ҷашнвора, ҳайъати доварон 60 филмро интихоб карданд.

Дар ҷашнвораи имсол, ки таи рӯзҳои 5 то 11-и сентябр дар шаҳри Қазон баргузор мешавад, аз Тоҷикистон танҳо филми "Пиёла" ба коргардонии Муҳиддини Музаффар интихоб шудааст.

Дар ҷашнвораи соли гузаштаи синамои исломӣ дар шаҳри Қазон, ду филм аз коргардонони тоҷик ба намоиш гузошта шуд, ки муваффақ ба касби ҷоиза низ гардид.

Ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ аз соли 2005 бо шиори "Аз гуфтугӯи фарҳангҳо ба фарҳанги гуфтугӯҳо" дар шаҳри Қазон, маркази ҷумҳурии Тотористони Русия баргузор мешавад.