Июл 09, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Комиссияи умури оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

71-умин нишасти Комиссияи умури оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони об ва энержии Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири об ва энержии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин нишаст дар бораи мизон ва саҳми ин кишварҳо барои истифода аз захоири оби Ому ва Сир, ду рӯдхонаи бузурги Осиёи Марказӣ дар бахши кишоварзӣ дар соли ҷорӣ, иҷрои тааҳҳуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба унвони ҷумҳуриҳои болодаст ва Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба унвони кишварҳои поиндаст дар заминаи бардошти мутавозини об ва ҳамкории минтақаӣ дар умури об, баҳсу табодули назар шуд.

Бо ин ҳол, аксари коршиносон мӯътақиданд, ҳукуматҳои минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳали мушкилоти истифода аз захоири об ва энержӣ иродаи ҷиддии сиёсӣ надоранд, зеро миёни кишварҳои болодаст яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон ва се ҷумҳурии поиндаст ва масрафкунандаи умдаи оби ду рӯдхонаи бузурги Ому ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.

Дар даврони Шӯравӣ дар фаслҳои баҳор ва тобистон се кишвари поиндаст дар баробари дарёфти оби мавриди ниёзи худ аз садҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин ду кишвар дар фасли сармо сӯхт ва барқ мунтақил мекарданд, аммо акнун ин навъи муовизаи об ва сӯхт миёни ин панҷ кишвар вуҷуд надорад.

Ҳам акнун ду ҷумҳурии кӯҳистонӣ ва болодасти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сармо аз камбуди барқ, набуди газ ва бензин ба шиддат ранҷ мебаранд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои захирасозии оби мавриди ниёзи Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар пушти садҳояшон мутаҳаммили зиёнҳои молии фаровон мешаванд ва барои тармим ва нигаҳдории ин махозини об ҳеҷ пуле дарёфт намекунанд.

Ин ихтилофот мӯҷиб шудааст, ки ин панҷ кишвар тайи 26 соли истиқлоли хеш, муваффақ ба тадвини созишномаи ҷомеъи истифода аз захоири оби Осиёи Марказӣ нашаванд.

 

Барчасп