Июл 10, 2017 08:56 Asia/Dushanbe
  • Тардиди коршиноси рус аз пайвастани Узбакистон ва Туркманистон ба тарҳи CASA-1000

Корманди Фарҳангистони улуми Русия мӯътақид аст, пайвастани Узбакистон ва Туркманистон ба тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба CASA-1000 баъид аст.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Спутник, Александр Князов бо ишора ба дархости Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон аз Туркманистон ва Узбакистон барои пайвастан ба хати CASA-1000 гуфтааст, ки дар асл ин проект рақобати шадиде дар минтақа эҷод карда, ки ба зиёни Ашқобод ва Тошканд аст, чаро, ки дар ҳоли ҳозир Туркманистон ва Узбакистон ба Афғонистон барқ содир мекунанд ва дар оянда умедворанд, ки интиқоли барқ ба ин кишварро афзоиш диҳанд. Барои ин манзур ҳам ин ду кишвар тарҳи афзоиши тавлиди барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ ва газии худро дар дасти иҷро доранд, ки заминаи содироти барқи бештар ба Афғонистон ва Покистонро фароҳам месозад.

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели мушкилоти фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сармо ва буҳрони шадиди камбуди барқ дар ин ду кишвар, Душанбе ва Бишкек танҳо дар 6 моҳи аз сол метавонанд, аз тариқи хатти CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон барқ мунтақил кунанд. Аммо имтиёзи Туркманистон ва Узбакистон ин аст, ки ин ду кишвар бо истифода аз нерӯгоҳҳои ҳарорати худ дар тамоми фаслҳои сол ба Афғонистон барқ содир мекунанд.

Албатта дар сурати ба баҳрабардорӣ расидани нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар Тоҷикистон имкон содироти барқ ибештар аз ин кишвар ба Афғонистон ва Покистон дар оянда фароҳам хоҳад шуд, аммо иттисоли ду турбинаи нахусти ин неругоҳ ба шабакаи барқи саросарии Тоҷикистон дар солҳои оянда танҳо метавонад, барои ҳали мушкили буҳрони шадиди камбуди барқ дар ин кишвар дар фасли сармо мусоидат кунад. Аз сӯи дигар дар Қирғизистон ҳанӯз ҳеҷ коре барои такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ обии ниматамоми Қанбарото анҷом нашудааст, ки заминаи афзоиши тавлиди барқ дар ин кишварро муҳайё созад.

Бо иҷрои тарҳи CASA-1000 Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд, наздик ба 5 миллиард киловатт/соат барқро аз тариқи ин хати интиқоли энержӣ ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи иҷрои ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст. Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.