Июл 11, 2017 10:32 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Тоҷикистон ва режими саҳюнистӣ дар Душанбе

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири ғайримуқими режими ишғолгари Қудс дар дидоре дар Душанбе муносиботи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷиддин Аслов ва Кармела Шамир, ки маъмурияти сафорати ғайримуқими вай дар Тоҷикистон ба поён мерасад, дар бораи густариши равобити Душанбе ва Тел Авив дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обу энержӣ, маориф, беҳдошту дармон ва кишоварзӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин тарафҳо дар ин дидор бар тақвияти ончи, ки «ҳамкории Тоҷикистон ва Исроил дар чорчуби барномаҳои Созмони милали муттаҳид барои муқобила бо терроризм» хонда шуд, таъкид карданд.

Кармела Шамир ба таври ҳамзамон сафири режими Исроил дар Узбакистон аст ва масъулияти сафорати ғайримуқими ин режим дар Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

 

 

Барчасп