Ҳушдор дар бораи хатаре, ки Тоҷикистонро таҳдид мекунад
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз хатари ДИИШ барои Тоҷикистон ҳушдор доданд.
Ба нақл аз манобеи тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо, як мақоми масъул дар Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, иттилооти дақиқ нишон медиҳад, аъзои гурӯҳи террористи ДИИШ аз роҳҳои мухталиф дар ҳоли интиқол ёфтан ба шимоли Афғонистон ҳастанд.
Ин мақом давлати Тоҷикистон дар ташреҳ ин матлаб гуфт: Пас аз саркуби ДИИШ дар Ироқ ва Сурия барномаи интиқоли бахше аз ҷангҷуёни узв ин гурӯҳ ба минтақаҳои дигари ҷаҳон аз ҷумла Либия ва шимоли Афғонистон рӯи даст гирифта шуда, ки таҳаққуқи ин амр метавонад хатарро барои Тоҷикистон афзоиш диҳад.
Раҳнамо ишорае ба ҷузъиёт ва тарроҳон ва авомили иҷрои барномаи интиқоли ДИИШ ба шимоли Афғонистон накард, аммо бархе манобеи расмӣ ва расонаӣ дар дохили Афғонистон, Амрико ва ғарбро ба барномарезӣ барои интиқол ва истиқрори гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии байналмилалӣ ба шимоли Афғонистон муттаҳам мекунанд.
Латифи Пидром, намояндаи маҷлис ва раиси Ҳизби конгресси миллии Афғонистон аз ҷумлаи касонест, ки сароҳатан Амрикоро масъули таҷаммуи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар шимоли Афғонистон медонад.
Пидром дар гуфтугӯ бо нашрияи “Озодагон”, чопи Душанбе гуфт, Амрико ва ҳампаймононаш қасди ноором кардани минтақаро доранд, то ба аҳдофи баландмуддати худ бирасанд.