Нерӯгоҳи Роғун метавонад тайи 3 сол ҳазинаи молии хешро ҷуброн кунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i199-Нерӯгоҳи_Роғун_метавонад_тайи_3_сол_ҳазинаи_молии_хешро_ҷуброн_кунад
Мудири пажӯҳишгоҳи масоили об ва энержӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки дар сурати фурӯши ҳар киловат/соат барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" ба қимати 9 сент, имкони ҷуброни ҳазинаи молии ин тарҳ, тайи 3 сол вуҷӯд дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 17, 2016 06:06 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Роғун метавонад тайи 3 сол ҳазинаи молии хешро ҷуброн кунад

Мудири пажӯҳишгоҳи масоили об ва энержӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки дар сурати фурӯши ҳар киловат/соат барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" ба қимати 9 сент, имкони ҷуброни ҳазинаи молии ин тарҳ, тайи 3 сол вуҷӯд дорад.

Ба гузориши сойти Фарғона, Григорий Петров гуфтааст, ки бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон қарор аст, дар тирамоҳи имсол маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" баста шавад, ки заминаи оғози сохти сади 335 метрии ин нерӯгоҳро фароҳам хоҳад кард.

Зеро ширкати итолиёии "Impregilo S.p.A Salini" мутааҳҳид шудааст, ки то соли 2018 ду чархаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонад, ки мизони тавлиди барқ ба 10 дарсад аз зарфияти солона, 13 миллиард киловат/соат тавлиди барқ дар сурати такмили сохти ин нерӯгоҳ хоҳад расид. Аммо ин мизон кофӣ аст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқи ин нерӯгоҳ бахше аз ҳазинаи мавриди ниёзи худро барои идомаи сохти ин тарҳи муҳимми энержиро фароҳам созад.

Аз сӯи дигар таҷрибаи фаъолияти беш аз 40 солаи нерӯгоҳи барқӣ-обии " Норак" бо сади 300 метрии он нишон медиҳад, ки ҳеч нигаронӣ дар мавриди хатароти эҳтимолӣ аз вуқуъи зилзила дар маҳали сохти нерӯгоҳи "Роғун", ки дар фосилаи кӯтоҳе болотар аз нерӯгоҳи "Норак" воқеъ мешавад, вуҷӯд надорад. Аз дидгоҳи коршиносӣ низ воқеъ шудани ин ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ дар як минтақа, заминаи сохти чанд нерӯгоҳи дигарро фароҳам хоҳад кард, ки ба маънеи такмили силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ бар рӯи рӯдхонаи Вахш хоҳад шуд.