Июл 11, 2017 20:31 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши таҳдидҳои амниятӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки саркӯб шудани ҷангиёни ДИИШ  дар Ироқу Сурия  хатарҳоро  барои Тоҷикистон афзоиш додааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлигар ва яке аз масъулини Маркази мутолиоти роҳбурдии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки  шикасти  гурӯҳи тераристии ДИИШ  дар Ироқу  Сурия ва интиқоли ҷангиёни ин гурӯҳ  ба шимоли Афғонистон хатарро барои ин кишвар зиёд кардааст. Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо, баъди саркӯб шудани ДИИШ дар шаҳри Мавсил ва оғози амалиёт дар Раққа як кӯчиши бузурги аъзои ин гурӯҳ  ба дигар манотиқ шурӯъ шудааст, ки боиси нигаронӣ аст.

Тибқи иттилои масъулини Маркази мутолиоти роҳбурдии дафтари раёстаҷумҳурии  Тоҷикистон,  аз соли 2014  ба ин сӯ  1141 нафар аз шаҳрвандони тоҷик  ба гурӯҳи тераристии ДИИШ  пайвастаанд.  Тибқи оморҳои ин марказ,  аз ин шумор  кушта шудани  300 нафар таъйид  шуда ва 70 нафари дигар аз диишиҳои тоҷик ба Тоҷикистон баргаштааст. Соли гузашта мақомот гуфтанд, ки то кунун тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хоҳиши хеш аз манотқи таҳти назари  ДИИШ дар Ироқу Сурия  баргашта буданд,  мавриди афв қарор гирифтанд. Дар баробари ин дар нишасти ахири  матбуотии  Маркази мутолиоти роҳбурдии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз хатари гурӯҳҳои мухолифин дар хориҷ ба амнияти ин кишвар низ шадидан изҳори нигаронӣ карданд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии  дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо шумули Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар хориҷ ба амнияти ин кишвар хатар дорад. Сайфулло Сафаров афзуд, ки раванди мутаҳидшавии гурӯҳҳои мухолиф дар кишварҳои хориҷӣ,  аз ҷумла фаъолиятҳои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои амнияти Тоҷикистон хатарзо аст.  Ӯ дар ин замина таъкид кард, ки  Ҳукумати Тоҷикистон  бояд дар муқобила бо ин гурӯҳҳо иқдомоти ҷиддие рӯйи даст бигирад. Ҳамзамон муовини аввали раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия даъват кард, ки дар баробари масоили амниятии Тоҷикистон бетафовут набошад ва аллайҳи гурӯҳҳои мамнӯъ дар ин кишвар  иқдом кунад.

Ёдовар мешавем, ки  ба навиштаи расонаҳо хориҷӣ,  рӯзи 9 июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон баргузор шудааст. Дар ин ҳамоиш асосан ҷонибдорони  гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла Ҳизби мамнӯи  наҳзати исломӣ,  "Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат карданд. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки дар пайи ҳамоиши шаҳри Дортмунд нишасти алоҳидаи раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон низ баргузор  шудааст.

Бояд гуфт,  Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015, баъд  аз  ошӯби генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон  фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳаводис манъ карда, ин  созмонро террористию ифротгаро  эълон кард.   Қабл аз ин фаъолияти “Гурӯҳи 24” низ бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар манъ шуда буд.