Июл 12, 2017 14:22 Asia/Dushanbe
  • Чопи осори шоирони тоҷикистонӣ дар Эрон

Намунаҳое аз осори шоирони муосири Тоҷикистон дар Эрон мунташир шуд.

Ин осор, ки аз шоирони тоҷике чун Рустами Ваҳҳоб, Розия Шарофиён, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, Гулнози Тоҳириён ва Ҳошими Некварз аст, дар ду маҷмӯаи шеърӣ бо унвони “Порсисароёни имрӯз” ва дар қолаби рубоӣ ва дубайтӣ мунташир шудааст.

Дар ин маҷмӯаҳо афзун бар шеъри шоирони тоҷик, намунаҳое аз осори беш аз 150 шоири форсизабон аз Эрон ва Афғонистон низ гунҷонда шудааст.

Ношири ин китобҳо интишороти “Андешамандони Кисро” аст.

Мӯҳсини Чолок, шоири навпардози эронӣ ва гирдоварандаи ин маҷмӯаҳои адабӣ, ки пеш аз ин китоби “Дубайтиҳои бемарз”-ро мунташир кардааст, ба Садои Хуросон гуфт, интишори ин маҷмӯаҳои адабӣ ибтикори тоза буда ва барои нахустин бор дар ҳаёти адабии муосири кишварҳои порсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон осори шоирон ба сурати дастаҷамъӣ мунташир шудааст.

Мӯҳсини Чолок ҳамзамон аз шоирони форсизабон, ба вижа ғазалсароён хост то осори худро барои чоп дар маҷмӯаҳои баъдии “Порсисароёни имрӯз” ирсол кунанд.

 

Барчасп