Мамнуияти таблиғоти танбоку ва машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i19974-Мамнуияти_таблиғоти_танбоку_ва_машруботи_алкулӣ_дар_Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни муқаррароти таблиғот, таблиғи танбоку ва машруботи алкулӣ (спиртӣ)-ро дар радиову телевизион ва матбуоти ин кишвар мамнуъ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2017 05:06 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти таблиғоти танбоку ва машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни муқаррароти таблиғот, таблиғи танбоку ва машруботи алкулӣ (спиртӣ)-ро дар радиову телевизион ва матбуоти ин кишвар мамнуъ кард.

Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, бар асоси ислоҳияи ин қонун, намояндагони Маҷлис миллии Тоҷикистон ҳар навъ таблиғоти танбоку ва машруботи алкулиро дар расонаҳои хабарии ин кишвар ҳамчун радио ва телевизиони давлатӣ, матбуот ва нашрияҳои мустақил мамнуъ карданд.

Ҳамчунин бар асоси яке аз бандҳои ин қонуни ислоҳшуда, барои қонуншиканҳо, тавлидкунандагон ва супоришдиҳандагони таблиғоти танбоку ва машруботи алкулӣ дар расонаҳои давлатӣ ва хусусии ин кишвар ҷаримаҳои сангини молӣ муқаррар шудааст.

Озода Раҳмон, муовини раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз ислоҳи Қонуни муқаррароти таблиғот дар Тоҷикистонро танзими таблиғоти коло ва маҳсулот дар расонаҳои хабарии давлатӣ ва хусусии ин кишвар ном бурдааст, ки пас аз имзои раиси ҷумҳурӣ ва интишор дар матбуот эътибори қонунӣ хоҳад дошт.