Июл 14, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Имзои барномаи ҳамкории ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе барномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дипломатии ду кишварро барои солҳои 2018-2019 имзо карданд.

Рашид Муродов, вазири умури хориҷии Туркманистон дар сафар ба Душанбе бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин дидор, ки дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, тарафайн дар хусуси масоили муҳими минтақаию байналмилалӣ, вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, аз ҷумла дар арсаи энержӣ, ҳамлу нақл, тиҷорат, омӯзишу парвариш ва фарҳанг баҳсу табодули назар карданд.

Дар поёни дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барномаи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дипломатии ду кишвар барои солҳои 2018-2019 ба имзо расид. Интизор меравад, вазири умури хориҷӣ, ки ҳамзамон муованати раёсатҷумҳурии Туркманистонро ба уҳда дорад, дар ин сафари дурӯза бо раисҷумҳури Тоҷикистон низ дидор кунад.

Туркманистону Тоҷикистон дар 27-уми январи соли 1993 равобити дипломатии худро барқарор карданд. Ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ байни ин ду кишвари дӯст дар соли гузашта ба 93.5 миллион доллар  баробар буд.