“Фараж”: Ба Тоҷикистон сипари иттилоотӣ зарур аст!
Даҳумин солгарди тасвиби Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, кушта шудани наздикони Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик, вокуниш ба ҳамоиши гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон ва оташсӯзии ахир дар бузургтарин бозори шаҳри Душанбе “Корвон” аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи пойтахти Тоҷикистон аст.
“Азия-плюс”, нашрияи русизабони чопи Душанбе зимни натиҷагирӣ аз ҷаласаи бахшида ба даҳумин солгарди Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон”, ки рӯзи 11 июл бо ҳузури раисҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа аз афзоиши шумораи тасодуфоти роҳу нақлиёт дар Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ кардааст. Ба навиштаи ин нашрия бо назардошти ин Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки тарҳи ислоҳоти қавонин ҷиҳати сангин кардани муҷозот барои нақзи қоидаҳои ронандагӣ таҳия шавад. Дар баробари ин раисҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ВКД бояд номи афродеро, ки қоидаҳои ронандагиро нақз карда, амнияти дигаронро зери хатар мебаранд, новобаста ба мақому мансаби пайвандонашон барои ҷомеа ошкор кунад. Дар идомаи ин мавзӯъ нашрияи “Азия-плюс” менависад, ки ба гуфтаи раисҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми даҳ соли амал кардани Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” мардуми ин кишвар аз харҷи 18 миллард сомонӣ сарфаҷӯӣ карда, дар муддати даҳ сол аз ҳисоби амонатҳои пасандозшуда ба ин кишвар 525 ҳазор худрав ворид карда шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар мавриди ҳамоиши ахири гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон матлаби рӯзноманигор Абдумудассир Аҳмадовро таҳти унвони “Мухолифин дар хориҷ қӯ, моҳӣ ва харчанг аробаро кашида метавонанд?” чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб зимни ишора ба ҳамоиши шаҳри Дортмунди Олмон навиштааст, ин гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ наметавонанд иттиҳоди ҷадиди неруҳои мухолифини тоҷикро таъсис бидиҳанд. Ба гуфтаи муаллиф, ин гурӯҳҳо аз ҳам тафовути зиёд дошта, наметавонанд эътилоф ташкил бидиҳанд, аз ҷумла ҳаракати “Нерӯҳои созанда”, агар Додоҷон Атовулло бо созмони “Ватандор” ҳам ба он шомил бошад, чандин сол боз бо сиёсати давлати Тоҷикистон мухолифат дошта, бо ҳамин роҳ аз созмонҳои ба истилоҳ “инқилобҳои ранга” пул мегиранду зиндагиашон дар Ғарб бад намегузарад ва нияти дубора худро ба коми оташ задан надоранд. Дар фарҷоми матлаб муаллиф масали машҳури нависандаи рус Криловро овардааст, ки қӯ, моҳӣ ва харчанг аробаи пурборро кашиданӣ мешаванд, аммо аз сабаби он ки ҳар кадоме онро ба самти хеш мекашад, он аз ҷой намеҷунбад.
Ҳафтаномаи “СССР” дар матлабе навишт, ки бародарони Гулмурод Ҳалимов кушта шуданд, онҳо ба ДИИШ пайвастан мехостанд? Ин нашрия менависад, ки шоми рӯзи 4 июл дар як задухӯрд бо нерӯҳои пулис дар ҳудуди деҳаи Ибратии ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ 4 нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, аз ҷумла бародаронаш Фозил, Султонмурод Ҳалимовҳо, бародарзодааш Афзал Абдурашидов ва ҳамсояи онҳо дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб Насим Раҳматов кушта шуда, се нафари дигар – Алӣ, Комил ва Назир Ҳалимовҳо дастгир шуданд. Дар ин амалиёт Анвар Ҳусейнов, муовини сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ низ ҷароҳат бардоштааст. Мақомот мегӯянд, ки онҳо қасди фирор ба Афғонистон доштанд.
Нашрия ёдовар мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ як тан бародарзодаи Гулмурод Ҳалимовро аз Русия ба Душанбе истирдод карданд, ки гуфта мешавад, ӯ миёнрави аслии иртибот байни сарҳанги фирорӣ ва хешовандонаш дар Тоҷикистон будааст. Ин нашрия бо такя ба манобеи мақомоти интизомии Тоҷикистон навиштааст, ҳаракатҳои ахири хешовандонаш, аз ҷумла азми онҳо барои фирор ба Афғонистон нишон медиҳад, ки ғолибан Гулмурод Ҳалимов сарҳанги фирории тоҷик зинда аст ва пайвандонашро раҳнамоӣ мекунад. Ба назари ин манобеъ, ДИИШ баъди шикастҳояш дар Сурияву Ироқ мехоҳад Гулмурод Ҳалимовро барои кушодани як ҷабҳаи нави ба номи "ҷиҳод” ба Афғонистон интиқол дода, дар оянда барои кӯчондани ин "ҷиҳод” ба Осиёи Марказӣ талош кунад. Нашрия ёдовар мешавад, Гулмурод Ҳалимови 42-сола, ки фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва дар мактабҳои махсуси Русияю Амрико тамрин гирифтааст, дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зада, моҳи майи ҳамон сол бо нашри як видео дар интернет хабар дод, ки дар Ховари Миёна аст ва ба сафи созмони тундрави ДИИШ пайвастааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлабе таҳти унвони “Ба Тоҷикистон сипари иттилоотӣ зарур аст!” мавзӯи таъмини амнияти иттилоотӣ барои ин кишварро матраҳ кардааст. Муаллиф менависад, боиси таассуф аст, ки аксарияти мардуми манотиқи Тоҷикистон хоҳиши тамошои шабакаҳои тоҷикиро надоранд, зеро шабакаҳои тоҷикӣ қариб, ки барномаҳои тамошобоб ва ҷолибу фароғатӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи муаллиф, шабакаҳои узбакӣ бо мавҷи хеле пуриқтидор барномаҳои рангорангу филму силсилафилмҳои ҷолиб пахш мекунанд, ки ин шабакаҳоро метавон бо антеннаҳои оддитарин ҳам бо кайфияти хеле олӣ тамошо кард. Муаллиф афзудааст, ки ин ҳолатро шахсан дар ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Ашт, Исфара, Конибодом, Спитамен, Панҷакент ва Б. Ғафуров бевосита мушоҳида кардааст. Ба гуфтаи муаллиф, аз баҳсу баррасиҳо дар воситаҳои ахбори омма маълум мешавад, ки фазои иттилоотии ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистонро шабакаҳои ғайритоҷикӣ иҳота кардаанд. Ба унвони мисол, дар Суғд шабакаҳои қирғизию узбакӣ, дар Хатлон узбакию афғонӣ, аммо дар Бадахшон чӣ гуна бошад, маълум нест.
Муаллиф дар фарҷом пешниҳод кардааст, ки барои соҳиб шудан ба як фазои иттилоотии муқтадир бояд пеш аз ҳама дар баробари пахши бокайфияти телевизион ва радиоҳои саросарӣ барои таъсиси шабакаҳои радиову телевизионҳои хусусӣ низ иқдом шавад. Дар баробари ин муаллиф гуфтааст, ки истифодаи дастгоҳҳои мусоир ва муқтадир дар ҳамаи шабакаҳои радио ва телевизионӣ, насби фиристандаҳои амвоҷи радио ва телевизонӣ дар навоҳии наздимарзӣ, таҳияи барномаҳои бокайфият бо ҷалби беҳтарин рӯзноманигорон ва роҳандозии озмунҳои мухталиф барои рузноманигорону расонаҳо аз роҳҳои муассири пур кардани халои иттилоотӣ дар фазои миллӣ хоҳад буд.
Ҳафтаномаи “Самак” дар матлабе аз сӯхтори ахир дар бузургтарин бозори шаҳри Душанбе “Корвон” ёдоварӣ карда, дар ин замина матлаберо зери унвони “Ваъдаи Рустами Эмомалӣ ба соҳибкорони “Корвон” чоп кардааст. Муаллиф аз қавли коршиносон навиштааст, ки фурӯши молу хадамот чархаи аслии иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва оташсӯзӣ дар бозорҳо метавонад сабаби норизоиятии мардуми зиёде шавад. Аз ҷумла, дар соли 2012, баъди аз сӯхтор дар “Корвон” гурӯҳе аз тоҷирони хашмгин ба назди шаҳрдорӣ таҷаммӯъ карда, худи раиси шаҳр он замон маҷбур шуд, ба назди мардум биравад ва мардумро ором кунад. Собир Вазиров, коршиноси масоили иқтисодӣ дар ин замина гуфтааст, ки тиҷорати хурд барои ин кишвар бисёр муҳим аст ва Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор аст, ки дар чунин ҳолат зуд амал кунад.
Ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе “Азия-Плюс” дар матлабе масаълаи таъмини сокинони пойтахти Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданиро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин матлаб навиштааст, ки тайи 15 соли ахир барои амалисозии тарҳои марбут ба обрасонии шаҳри Душанбе наздики 40 миллон доллар харҷ шудааст, аз ҷумла ахиран, полоишгоҳи тасфияи об дар шимоли Душанбе бо номи “Худҷорӣ” бо сармоягузории наздики 7 миллион доллар баъди бозсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аммо ҳамзамон муаллиф таъкид мекунад, ки натиҷаи як назарпурсии ин ҳафтанома дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, нишон медиҳад, ки дастрасии сокинони бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ба оби поки ошомиданӣ ҳамчунон бо мушкилот мувоҷеҳ аст.