Ихроҷи беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20054-Ихроҷи_беш_аз_300_шаҳрванди_Тоҷикистон_аз_Туркия
Вазорати умури дохилаи Туркия аз пешгирии вуруди наздик ба 5 ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ тайи 4 соли ахир аз марзи ин кишвар ба Сурияву Ироқ ва ихроҷи ин афрод хабар додааст, ки 308 нафари онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2017 04:24 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Туркия

Вазорати умури дохилаи Туркия аз пешгирии вуруди наздик ба 5 ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ тайи 4 соли ахир аз марзи ин кишвар ба Сурияву Ироқ ва ихроҷи ин афрод хабар додааст, ки 308 нафари онон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Вазорати умури дохилаи Туркия бо интишори гузорише бо унвони “Муборизаи Туркия бо гурӯҳи ДИИШ” таъкид кардааст, ки тайи 4 соли ахир наздик ба 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз 99 кишварро, ки ба қасди рафтан ба Сурияву Ироқ дар марзи муштараки ин ҷумҳурӣ бо ин ду кишвари арабӣ ҷамъ омада буданд, боздошт ва ихроҷ кардааст, ки 308 нафари онон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бар асоси ин гузориш ин афрод, ки аз марзи Туркия қасди вуруд ба дохили қаламрави Сурияву Ироқ ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ- ро доштаанд, боздошт ва ба кишварҳояшон истирдод шудаанд.

Тоҷикистон бо ин теъдод шаҳрвандонаш, ки қасди рафтан ба Сурияву Ироқ аз қаламрави Туркияро доштаанд, пас аз Русия ва Индонезия дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтааст. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эълом кардаанд, ки 1 ҳазору 124 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияву Ироқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки наздик ба 300 нафар аз ин афрод дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.