Июл 16, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Боку

4-умин нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку, баргузор гардид.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, дар ин нишаст, ки ба раёсати муштараки Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Шоҳин Мустафоев, вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, роҷеъ ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноат ва энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, мухобирот, беҳдошт ва дармон, омӯзиш ва парвариш, фарҳанг ва гардишгарӣ баҳсу табодули назар шуд.

   Дар ҳошияи ин нишаст, ҳамоиши фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар бо мавзӯъи “фазои сармоягузорӣ ва имтиёзоти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон зарфиятҳои кишварашро барои ҷазби сармоя хориҷӣ ба соҳибони саноат ва фаъолони бахши хусусии ҷумҳурии Озарбойҷон муаррифӣ кард. Вай таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои ахир барои ҷазби сармояи ҳориҷӣ бо ислоҳи қавонини марбут ба фаъолияти бахши хусусӣ, заминаи таъмини амнияти сармоягузорӣ, эътои имтиёзоти молиётӣ ва гумрукӣ ба фаъолони иқтисодиро фароҳам кардааст.

   Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода дар ин ҳамоиш аз соҳибони саноат ва фаъолони бахши хусусии ҷумҳурии Озарбойҷон даъват ба амал овард, ки барои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷикистонӣ иқдом кунанд.