Июл 17, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи номи полковник Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол

Номи полковники фирорӣ- Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ва аз фармондеҳони аршади гурӯҳи террористии ДИИШ, аз феҳристи афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал (Интерпол) ҳазф шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Топ Тҷ, номи полковник Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал аз Тоҷикистон, аз таърихи 16 июли соли ҷорӣ ҳазф шудааст.  Дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол аз Тоҷикистон, номи наздик ба 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар мушоҳида мешавад, ки 16 нафар аз ин афрод ба иттиҳоми терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таҷовуз ба номус дар ин феҳрист сабт шудааст.

Полковник Гулмурод Ҳалимови 42 сола, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД-и Тоҷикистон, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол, бо интишори як паёми видеӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвстани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод. Пулиси байналмилал низ ба дархости мақомоти Тоҷикистон, номи ӯро аз соли 2015 дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол қарор дод.

Манобеи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, номи полковник Ҳалимов ва акси вай дар сомонаи ин вазоратхона ба унвони фарди таҳти таъқиб сабт шудааст ва то мушаххас шудани марги вай, боқӣ хаҳад монд.

Намояндаи дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон низ аз ҳазфи номи Ҳалимов аз феҳристи Интерол иброз тааҷҷуб кардааст, ки бидуни дархости расмии мақомоти ин кишвар, ин амр аслан имконпазир нест.

Ин дар ҳоле аст, охири моҳи июни имсол писари ҳаждаҳсолаи ӯ Беҳрӯз низ бо ҷурми зархаридӣ ва кӯшиши пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин дар шаби 5 июли соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти вижаи кормандони Идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар наздикии ноҳияи Восеъи минтақаи Кӯлоб, ду бародар ва ду тан аз бастагони Гулмурод Ҳалимов кушта ва 3 нафари дигар аз ақвоми вай боздошт шудаанд.

Мақомоти ВКД мегӯянд, ки ин афрод, қасди фирор ба Афғонистонро доштаанд.