Июл 18, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як шаҳрванди дигари тоҷик ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Бори дигар, як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи такфирӣ– террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд.

Ба нақл аз Авесто, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ташкили парвандаи ҷиноӣ барои М.Худоёров, шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон, вайро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард .

Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳоми ин шаҳрвандро узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои азимат ба ҷангҳои Сурияву Ироқ эълом кардааст .

Гуфта мешавад, Худоёров соли 2015 замоне, ки дар шаҳри Климовски Русия буд, аз сӯи як узбактабор бо номи Абу Салоҳ Аҳмадов, барои пайвастан ба ДИИШ иғфол шудааст. Худоёров аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Telegram”, “Whatsapp” ва “В Контакте” бо аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ иртибот барқарор кардааст .

Дар парвандаи ҷиноии ин шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудааст, вай замоне, ки қасд дошт, аз Маскав ба самти Истамбул барои пайвастан ба ДИИШ дар Сурияву Ироқ парвоз кунад, тавассути нерӯҳои амниятии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд .

Мақомоти тоҷик дар чандин маврид аз ҳузури беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар дар суфуфи ДИИШ хабар додаанд, ки 300 нафари онҳо кушта шудаанд .