Поёни сукути мақомоти тоҷик дар бораи парвандаи кормандони Ожонси мубориза бо фасод
Июл 18, 2017 20:39 Asia/Dushanbe
Саранҷом масъулони Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи моҷарои пурсарусадои боздоштҳои густурда дар Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар сукути худро шикастанд.
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз вуруди парвандаи ҷиноии 10 корманди Созмони мубориза бо фасод ба Додгоҳи Олии ин кишвар хабар дода, раиси Хадамоти давлатии гумруки ин ҷумҳурӣ низ дар бораи се корманди пешини ин ниҳод, ки машмули ин парванда буданд, изҳори назар кардааст.
Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ дар гузориши вижае ба баррасии ин мавзӯъ пардохтааст.